Тӯҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  дар шаҳру деҳоти Кӯлоб корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Сокинону соҳибкорон бахшида ба таҷлили  ин санаи муҳими таърихӣ дастаҷамъона корҳои муайянеро  ба сомон расонида истодаанд.Дар сартосари ҷамоати Зиракӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ рафта истодаанд.

Дар деҳаи Зиракӣ, ҷиҳати беҳтар намудани  эҳтиёҷоти  мардум бо оби ошомиданӣ қубурҳои оҳанин бо қубурҳои полиэтиленӣ  иваз карда шуда,  утоқи кории раиси маҳалла ва чарогоҳистифодабарандагони деҳа  ба истифода дода шуд.

Дар  назди муассисаи таълимии №13-и ҷамоати Зиракӣ  аз тарафи Хидирзода Махфират  таъмири ду синфхона ба итмом расонида шуда, маркази деҳа  бо гирляндҳо оро дода шуда,  равшаннокии  деҳа  пурра таъмин карда шуд.

Дар деҳаи Бахтободи ҷамоати мазкур  сохтмони мактаб идома дошта, сутунҳои  дару тиреза бетонрезӣ карда шуда,сохтмони болопуши  бино оғоз ёфт.  Дар ин деҳа аз тарафи соҳибор Намозов А корхонаи коркарди алибастер ба итмом расонида шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Дар деҳаи Ҳакимобод, Офтоблиқо  деворҳои хонаҳои истиқоматӣ рангубор ва ҷуйборҳои маҳалла тоза карда шуданд.

Дар деҳаи Сарёзидашт ва Корези поён сохтмони мактабҳо идома дошта,  бетонрезии   сутунҳои  дару тирезаи ин муассисаҳои  нави  таълимӣ  оғоз шудааст. Дар деҳаи Корези боло сохтмони бунгоҳи тиббӣ аз тарафи соҳибкор  Холов Ҳакимҷон  идома дошта,  бунгоҳ  то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон  ба истифода дода мешавад.

Дар деҳаи Чашмасор  сохтмони ҳавзи шиноварӣ ба сомон расонида шуда дар деҳаи Нуристони ин ҷамоат  500 метри роҳи деҳа сангфарш карда шуд.

Бинои Муассисаи таълимии №39 аз ҷониби соҳибкор Ҳасанов О  аз таъмир бароварда шуда дар деҳаи Пистамазор барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ду ҳавзи дорои ғунҷоиши 60 метри мураббаъ сохта бо насоси обкашӣ таъмин карда шудааст,ки рӯзҳои  наздик ба истифода дода мешавад.

Ҷамоат  рӯз аз рӯз обод гардида,  бахшида ба ҷашни   30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон симои худро ба куллӣ тағъир медиҳад.

                                                             Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code