Кўлоб. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ меафзояд

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 115,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 млн. сомонӣ зиёд ё 114,5 фоизро ташкил дод.

Дар  ин давра дурнамои кишти зироатҳо  102,1 фоизи дурнаморо ташкил дода,  картошка-151,3 ё 100,9 %, сабзавот -1001 га ё  100,1%,  аз ҷумла пиёз 353 га ё 100,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ин давра 54 га боғи нав бунёд гардид, ки 108 фоизи дурнаморо ташкил дода, 23,5 га боғҳои куҳна барқарор карда шуданд.

Дар ин давра истеҳсоли картошка, сабзавот, полезӣ ва меваҷот  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд истеҳсол гардида, дар натиҷа айни замон нархи картошка, пиёз, полезиҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба пасттар мебошад.Тибқи нақша мебоист дар майдони 80 га ҷувории дон кишт карда мешуд,ки он пурра иҷро карда шуда, то имрӯз 353 тонна ҷуворӣ   истеҳсол  гардидааст.Ба ҷои 70 тонна сабзи 80 тонна истеҳсол карда шудааст. Картошка  ки аз зироатҳои муҳимтарин  маҳсуб меёбад, дар майдони 150 га кишт карда шуда дар маҷмуъ 3074 тоннаро ташкил додааст.

Кишти пахта мувофиқи дурнамо 3000 га пешбинӣ шуда, пурра иҷро гардида, озуқадиҳии майдонҳои пахта идома дорад. Кишоварзони Кӯлобӣ  ният доранд,ки аз ҳар қитъа замини пахта ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

                                                         Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code