Машварати августӣ дар шаҳри Кўлоб

  Машварати августии омӯзгорон  дар муассисаи таълимии №4-и шаҳри Кӯлоб ба тантанаи ҳақиқӣ мубаддал гашт.  Роҳбарияти шаҳр ва меҳмонон  нахуст аз намоиши дастовардҳои омӯзгорону  хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб  дидан намуданд. Муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб, сардори  Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба дастовардҳои соҳаи мариф дар соли таҳсили 2017 -2018 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2018-2019»  суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо аз ҷумла қайд гардид, ки  маблағгузории соҳаи маорифи шаҳр сол аз сол афзоиш меёбад. Агар дар соли 2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба соҳаи маорифи шаҳр 52 874145сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2018 ин рақам ба 54 850890 сомонӣ зиёд гардид.

        Ҳамзамон дар соли 2018 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмири Раёсати маориф ва муассисаҳои зертобеъи он 1 370  230  сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 бинои муассисаи таълимӣ барои 10 117 ҷойи нишаст ба маблағи 89 миллиону 956 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Бахшида ба таҷлили 30-солагии давлатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар назди муассисаи таълимии №17 бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ то оғози соли хониши нав ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин  дар муассисаҳои таълимии №№ 21, 36, 39 сохтмонҳои синфхонаҳои иловагӣ ба тариқи ҳашар идома доранд. Инчунин  тамоми муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот то оғози таҳсили соли  нави хониш пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.

       Агар ба натиҷаи фаъолияти кормандони соҳаи маорифи шаҳру деҳоти Кӯлоб  назар афканем, мебинем, ки дар соли тасили 2017-2018 хонандагони синфҳои 9-10 дар даври сеюми олимпиада соҳиби 66 ҷойи ифтихорӣ 26 ифтихорнома, дар даври чоруми олимпиада соҳиби 5 ҷойи ифтихорӣ, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд. Дар олимпиадаҳои “Анъанавӣ”  соҳиби 4 ҷой дар олимпиадаи “Номӣ” соҳиби 4 ҷой, дар олимпиадаи “Даставӣ” соҳиби 5 ҷой гардиданд. Хонандагони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар маҷмуъ 44 ҷойро соҳиб шуданд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони соҳаи маорифи шаҳру деҳоти  Кӯлоб  ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат  бо кору фаъолияти софдилона, тарбияи насли бомаърифат, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия   талош меварзанд.                                                                                                                                                                                                                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code