Кӯлоб. Ситод доир шуд

 

  Дар назди муовини  соҳаи иҷтимоӣ бо иштироки ҳайати эҷодӣ ва кумитаи тадорукотии ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  ситоди  чорабинии идонаи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ  доир карда шуд.  Дар ситод бандҳои нақшаи баргузории чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Бояд зикр намуд, ки то таҷлили ин санаи бошукӯҳ як қатор чорабиниҳо аз қабили баргузории чорабиниҳои варзишии шашкаю шоҳмот, гуштини миллӣ, дзюдо, бозиҳои футбол ва волейбол, гузаронидани мизҳои мудаввар, озмунҳои рассоми беҳтарин, раққосаи беҳтарин, сарояндаи беҳтарин, навқалами боистеъдод, баргузории озмуни беҳтарин  мураббӣ, беҳтарин омӯзгор,   бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  гузаронидани озмуни таббохи беҳтарин, шабҳои фарҳангиву  фароғатӣ, гузаронидани мизҳои мудаввару конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо дар назар дошта шудааст.

                                                      Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code