Қарорҳо ба тасвиб расиданд

   Барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ба тасвиб расида, барои амалишавии  корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳри Кӯлоб Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор  таъин шудаанд.

  Тибқи нақша то соли 2021 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 558 иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда хоҳанд шуд.

   Чунончи  муассисаҳои томактабӣ -30  адад, ҳаммом -29, сартарошхона -54, беморхона -3, кошонаи ҳусн-47, корхонаҳои истеҳсолӣ-64, бунгоҳҳои саломатӣ -36, маркази саломатӣ, утоқҳо барои таваллуд -4, утоқ барои хатна-22, дорухона-31, майдончаҳо ва толори варзишӣ-60, китобхона-3 адад пешбинӣ шуда, пешниҳоди соҳибкорон, сокинон ва дигар шахсон идома доранд.

  Ба хусус  дар ҷамоати деҳоти Зарбдор  аз ҷониби соҳибкорон   сохтмон ва бунёди як зумра  иншоотҳо ба нақша гирифта шуда аст, ки бо бунёди онҳо сатҳи зиндагии сокинони ҷамоат ва соҳибкорон  беҳтар  мегардад.

   Имрӯз аллакай қарорҳои  соҳибкор Мирҳайдаров  Мурод  ҷиҳати   бунёди ҷойи бозии кудакона дар деҳаи Зарбдор, соҳибкор Муродов Дилшод  ҷиҳати бунёди мағозаи фуруши орд дар деҳаи Зарбдор, соҳибкор Маъруфи Зафархон  бунёди мағозаи молҳои ниёзи мардум дар деҳаи Панҷосиёби  ҷамоати Зарбдор, сохтмони ҳаммом  ва майдончаи варзишӣ аз ҷониби  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб ба тасвиб расида,     корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.

                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code