Сухани табрикии Раиси шаҳр, узви Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло бахшида ба иди шарифи Қурбон

 Ҳозирини гиромӣ

Иди шарифи Қурбон барои мардуми мусалмони олам аз муқаддастарин идҳо  ба ҳисоб меравад ва он ҳамчун василаи хайру садақот ва ваҳдати мардумон шинохта шуда аст. Иҷозат диҳед  ҳамаи шумо ва дар шахси шумо тамоми мардуми шарифи Кӯлобро бо фарорасии иди шарифи Қурбон табрику муборакбод гуфта, ба шумо файзу баракот, дастархони пур аз нозу неъмат  ва саодату бурдбориро  орзу намоям.

Иди Қурбон яке аз суннатҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон ба шумор меравад, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро хотиринишон созам, ки яке аз сабабҳои асосии густариши мазҳаби анъанавии мардуми мусулмони мо – ҳанафия ва маҳбубияти пири он – Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит эҳтиром ва риояи асли таҳаммулгароӣ ва мадорову муросо дар муошират ва муносибат бо дигарон мебошад. Аз ин лиҳоз, дини мубини ислом барои мусулмонони кишвари мо ҳамчун сарчашмаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад, -омадааст дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ,  Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон .

Дар идома зикр шудааст: «Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷом расонад, то ин, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз қабили хайру эҳсон ба ҳоҷатмандон, дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеаи мо гардад. Ҳар як инсони савобҷӯ агар пеш аз адои намози ид бо ризоияти ҷисму рӯҳи хеш хайри худро ба бародарону хоҳарон, хешу таборони наздики ниёзманд, ҳамсоягон, ятимону маъюбон, бепарасторон ва муҳтоҷон расонад, савоби он дар назди Худованд дучанд мегардад. Дигар аз фазилатҳои моҳи Қурбон аз он иборат аст, ки инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунад.

 Мусулмон касест, ки дар баробари риояи аркони ислом дар ободонии Ватани худ кӯшиш мекунад ва дигаронро ба он ташвиқ менамояд. Зеро ватандорӣ нишонаи имондорист  аст.

Дар ҳар давру замон мусулмонон бо тамаддуни қадима ва шаҳрҳои обод машҳур буданд ва ихтирооту иншоотҳои бузург мероси оламшумули мусулмонон аст.    Имрӯз мо низ бояд камари ҳиммат баста дар ободонии ватани худ ҳарис бошем, кӯчаву маҳаллаи худро обод намуда, онро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад, ба гулгашту мусалло табдил диҳем. Вақти он расидааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари мутараққӣ ва сарсабзу хуррам муаррифӣ намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Паёми имсолаи худро бо чунин суханон  оғоз намуданд: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани  вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав  – терроризм ва экстемизм, вусъати бесобиқаи бархурди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ пешниҳод мегардад. Мо бояд фарзандонро дар дохил ва хориҷи кишвар зери назорати қатъӣ қарор диҳем ва нагузорем,ки онҳо ба гурӯҳхои тундрав ва  ифротӣ ҳамроҳ  гашта ,  ба ватан- модари худ хиёнат кунанд».

Пушида нест, ки имрӯз дар байни ҷавонон ҳамроҳ шудан  ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, хонавайронии оилаҳои ҷавон, суйқасд ба ҷони азизи хеш, зуҳуроти номатлубе мисли нашъамандӣ, фурӯши маводи мухаддир ба назар мерасад.

Чунонки огоҳед  амали террористие,ки 29 июли соли равон нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Давлати Исломии Ироқу Шом  ва  Ҳизби наҳзати исломӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон   созмон дода шуд   ва аз ваҳшонияти он мардуми тамоми олам  ба шигифт омаданд.

Дини мубини ислом куштори одамони бегуноҳро, яке аз мутҳиштарин гуноҳи нобахшидание дар назди Офаридгор меҳисобад.

         Аз ин рӯ, мо мусулмонон ин амали мудҳишро маҳкум намуда, норозигӣ ва муқовимати худро баён менамоем. Ҳамчунин аз ҳамватанони арҷманд тақозо дорем, ки мо бояд бениҳоят ҳушёр бошем ва зиракиро аз даст надиҳем, зеро имрӯз хатари амалҳои террористӣ ба ҳамагон таҳдид дорад. Пас мо бояд донем, ки бехатарӣ ва амнияти кишвар аз  ҳар яки мо вобаста аст!

Дигар масъалае,ки таъкид намудани он хеле муҳим аст,ки маъракороии серхарҷ мебошад. Қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасонанд. Ҳол он ки дар ояти 141-уми сураи“Анъом”-и Қуръони карим таъкид шудааст, ки: “Исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад”. Ҳамчунин, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ харҷу сарфи зиёд нораво буда, худи Имоми Аъзам низ баргузории маъракаҳои серхарҷро хуш надоштааст.

Аммо бо вуҷуди ояту ҳадисҳои зиёд ва ишораву таъкидҳои пири мазҳабамон баъзе шахсони дорову зоҳирпараст ва ҳангоматалабу шуҳратхоҳ  дидаву дониста, маъракаҳои серхарҷро то ҳол идома дода истодаанд.  Муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кӯшиш намояд, на бар зарари хеш. Чунонки дар Қуръон омадааст: “Худо парҳезкоронро дӯст медорад».

         Бо истифода аз фурсат мехостам аз шахсони сарватманду доро даъват ба амал биёрам, ки дар ин рӯзҳои ид дасти саховати худро ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону камбизоатон  дароз кунанд, зеро подоши  чунин саховатмандӣ аз Кирдигори олам басо бузург хоҳад буд.

Боварии комил дорем, ки дар оянда масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта аз тарафи сохторҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  роҳи ҳалли худро дарёфт намуда, ба хотири ояндаи дурахшон  ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми худро мегузорем. Дар охир бори дигар иди шарифи Курбонро ба ҳамаи Шумо муборакбод мегуям.

 Хонаободу тансиҳат бошед.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code