МУРОҶИАТНОМАИ иштирокчиёни машварати васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб ба аҳли ҷомеа

 

                    Мулло Айёмидин  парда аз рӯи хоинон  бардошт

Бо иштироки васеи фаъолон  ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб   навори «Бозгашт аз ҷаҳаннам», таҳти таҳлилу баррасӣ  қарор дода шуда, фошгуӣ ва  далелҳои овардаи Мулло Аёмиддин ё Сатторов  Аёмиддин,ки  яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом (ҲНИ) ба шумор мерафт ва худ хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзати исломиро фош сохта, парда аз рӯи чеҳраи аслии  душманони миллат бардошт.

Баъд аз тамошои навор раиси шаҳри Кӯлоб , муҳтарам Хайрулло Амонулло ва дигар баромадкунандагон Ҳоҷӣ Ҳайдар  Шарифзода- сархатиби масчиди ҷомеъи шаҳри Кӯлоб, Одина Раҳмон-шоир, Кароматова Лола-намояндаи ҷавонон, Ғуломов Айёмидин – эмомхатиби деҳаи Хонобод ҷамоати деҳоти Даҳана   баромад намуда ҳар кадом нафрати  хешро нисбат ба ин ҳизби тахрибкор баён  доштанд.

Дар охир муроҷиатномаи иштирокчиёни машварати васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб ба аҳли ҷомеа  шунида шуд ( баромади раиси шаҳр ва муроҷиатнома замима мегардад).

Баромади раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло дар мавзӯи «Пешгирии ифротгароӣ ва баланд бардоштани фаҳмиши шаҳрвандон»

 Ҳозирини арҷманд!

Ҳадаф аз баргузории ин вохӯрӣ баланд бардоштани фаҳмиши шаҳрвандон, роҳ надодан ба гуруҳҳои тундрав ва аз байн бурдани андешаҳои ихтилофангез буда, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки бо матонату иродаи қавии хеш дифоъ аз амнияти Ватану миллати худ намояд.

Зеро нооромиҳое, ки солҳои навадуми асри гузашта, дар марҳилаи бадаст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба миён омад, ин аз кирдорҳои пардапӯшонаи ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ сарчашма гирифта, бо мақсади сарнагун кардани давлати дунявӣ ва барпо намудани давлати исломӣ, зери мазҳаби шиагароӣ ба вуқуъ пайваст.

Наҳзатиён зери ин ҳадафи нопоки худ мақсаднок мубориза бурда, хушбахтона, ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд.

Зеро бо ибтикори фарди бо нангу номуси миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат сарҷамъ карда шуда, бо баргузор намудани суҳбату вохӯрӣ бо мардум овардани гурезагон ба ватани худ, боиси аз нав пайванд намудани миллат гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд давраи музокирот бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик оид ба ҳалли ихтилофот миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаҳои ҳассос ва пуртазоди ҷанги шаҳрвандӣ баргузор намуда, дар ниҳоят ба ҳадафи миллатпарваронаи хеш расиданд. Яъне дар музокироте, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия баргузор гардид, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик ба имзо расида, ҷанги таҳмилии миллати тоҷик хотима ёфт.

Сарзамини Тоҷикистон дар он марҳила дар як шароити бисёрҳам ногувор қарор дошт. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳама харобиву қашоқии милат бо дили гарм ва нияти неки хеш тавонист то ба имрӯз сулҳи Ватани маҳбуби моро пойдор нигоҳ дорад. Вале мутаассифона, баъзе нохалафону бадхоҳон ва ҳамон нафароне, ки дар рӯзҳои ҷанги шаҳрванди алангаи ҷангро метезониданд, зери парда хиёнатҳои худро идома дода, баҳри ба даст овардани ҳокимият ва шиа гардонидани миллати тоҷик тамоми роҳу воситаҳоро амалӣ намуданду хушбахтона ба мақсади нопоки худ ноил нагардиданд.

Ҳизби наҳзати ба ном исломӣ, ки тули 24 соли даврони Истиқлолият худро ҳамчун ҳизби ҳақиқатҷӯ ва адолатхоҳ вонамуд мекард, билохир ташкилоти экстремистиву террористӣ будани ӯ рурра ошкор гардида, даст доштани ин ҳизби террористӣ  дар чандин кирдорҳои хоинона нисбати миллати тоҷик муайян ва ошкор гардид.

Ҳодисаи 29 июли соли равон, ки хоинон ва бадхоҳони ин миллат дар ноҳияи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом доданд, ин гувоҳи он аст, ки рушди давлатдорӣ ва оромиву суботи ҷомеаи моро ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нахоста, зидди пешравию муваффақиятҳои миллати мо хиёнаткорона фаъолият намуданд. Дар ҳоле, ки ҷомеаи имрӯза мо сиёсати сулҳҷӯёнаро пешаи худ карда, миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати тенҷу ором шинохта мешавад.

Мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ бо фаъолон аз он сарчашма мегирад, ки мо ҳамагон моҳиятан дарк намоем, ки имрӯз аз дониши номукаммал ва фаҳмиши маҳдуди баъзе аз фарзандони мо, мардуми ифротгаро сӯйистифода намуда, мехоҳанд ҷавонони моро ба доми фиреб гирифтор кунанд.

Аз ин рӯ, иттиҳодиву иттифоқӣ, дӯст доштани марзу бум ва миллати худ, моро  руҳия бахшида, намегузорад, ки ба ин ниятҳои ғаразноки шахсони алоҳидаи манфиатҷӯй роҳ диҳем.

         Дар Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) низ кирдорҳои даҳшатафкан, хусумату бадбинӣ ва ҷангу фитнаангезӣ маҳкум гардидааст. Паёмабар (с) дар ҳадисҳои худ амнияту тенҷиро яке аз неъматҳои Худованд дониста, дар яке аз ҳадисҳояш гуфтаанд:

 «Ду неъмат аст, ки бисёриҳо дар ҳолати ба даст доштани онҳо ба қадрашон намерасанд: яке саломатӣ ва дигар бошад тенҷиву амонӣ»

Пас тасаввур бояд кард, ки имрӯза давлатҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсарҳадамон дар кадом ҳолат қарор доранд? Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нафароне, ки худро мусалмон нишон медиҳанд, муқобил ба неъмати Худованд ба амният ва суботи ҷомеаи дигар халал ворид намуда истодаанд.

Мову шуморо зарур аст, ки роҳҳои воридшавии ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлубро ҳамаҷониба пешгирӣ намуда, нагузорем, ки ҳеҷ як фарзанди миллати мо фирефтаи чунин бадхоҳон гардад.

Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳад, ки қисме аз ҷавононе, ки аз байни миллати мо хиёнаткор гардидаанд, яке аз сабабҳои асосии ин таълими ғайрирасмии динии ҷавонон дар макотиби динии хориҷи кишвар ва дигаре, нодуруст истифода бурдани донишҳои диннии худи онҳо мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур мешуморем, ки мо фаъолони ҷомеа баҳри баргардонидани ҷавонон аз таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ва аз байни бурдани таълимоти динии ғайрирасмии пинҳонӣ пайваста талош варзида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Ба ин васила дар ҷодаи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «фейсбук», «однокласник», «контакт» ва амсоли ин  тарбия додани ҷавонон вазифаи падару модар ва ҷомеа буда, нисбати самаранок истифода намудан аз чунин шабакаҳо насли наврасро бояд тарбия намуд.

Мо фаъолони шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ, инчунин истифодаи самараноки сомонаҳои расмии ташкилоту муассиса ва корхонаҳо корбариро вусъат дода, ҷиҳати пахши мақолаву вокунишҳо оид ба хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таваҷҷуҳи хоса дошта бошем.

Кирдорҳои хоинонаи роҳбарон ва тарафдорони ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломиро бо далелҳои возеҳи оммафаҳм тавассути расонаҳо инъикос намуда, баҳри дарки амиқи ҷомеа аз ҳолати воқеии кирдорҳои нохалафонаи ин гуруҳи хиёнаткор, ҳамагон саҳм бигузорем. Зеро филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» чеҳраи аслии ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломиро боз намуда ба мардуми азизи тоҷик нишон дода тавонист, ки ин ҳизб аз оғози пайдоиши худ ҳизби террористӣ буда аъзоён ва саркардагони он таълимгирандагони Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад ва мақсади асосии ин гуруҳи ҷинояткор аз солҳои навадум инҷониб ба даст овардани ҳокимият аст.

Инчунин шиагаро будани ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар партави суханони ҳаммаслакони онҳо, ки имрӯз баъди пушаймониҳо чеҳраи ҳақиқии худро қисса мекунанд, миёни ҷомеа расонида, мақсадҳои нопоки онҳоро маҳкум намоем.

 Дар устуворӣ бахшидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ моро зарур аст, ки иттиҳодиву сарҷамъии миллатро дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода, ба ҳеҷ як гуруҳ, равия ва ё ақидае, ки мухолифи мазҳаби Имоми Аъзам аст, нагузорем, ки миёни ҷомеаи мо роҳ ёбад.

Ҳозирини арҷуманд!

Моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ бо тамоми қишри ҷомеа, баҳри нигаҳдошти оромии сарзамини Тоҷикистон, пойдории сулҳу ваҳдат, амнияти давлат ва дигар арзишҳои миллиамон камари ҳиммат баста, нагузорем, ки хоинон ва бадхоҳони миллати мо ба мақсадашон расанд.

-Зарур шуморида мешавад, ки дар мубориза ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз тамоми роҳу усул истифода намуда, ҷиҳати таблиғи хатарҳои ин ҳаракатҳо ва сарҷамъона дифоъ намудан аз ин падидаҳои номатлуб ва тарғиби ғояҳои ҷомеаи дунявӣ талош бояд намоем.

-Вохӯриву мулоқотҳоро ҷиҳати маҳкум намудани фаъолияти хоинонаи ташкилоти экстремистӣ- террористии Ҳизби наҳзати ислом ва дигар ташкилотҳои ба ин монанд миёни ҷомеа вусъат дода, мунтазам тавассути васоити ахбори омма пешкаши тамошобинон гардонем.

-Бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани мафкураи шаҳрвандон ва хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои бегона миёни ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, марказҳои ҷамоатҳои деҳот, инчунин маҳаллаҳои осебпазир дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳо баргузор намуда, бо аҳолӣ мулоқотҳо анҷом диҳанд.

-Раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилони кӯчаву маҳаллаҳо дар ҳар як маҳалла оид ба масъалаҳои мазкур бо ҷалби васеи аҳолӣ вохӯриҳо баргузор намуда, ҷавононро бештар ба илму ҳунаромӯзӣ ва волидайнро ба тарбияи насли наврас даъват намоянд. Инчунин шахсони осебпазир ва нафароне, ки ба гуруҳҳои тундрав-махсусан ҳизби наҳзати исломӣ ҳамбастагӣ доштанд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, корбариро бо онҳо ва оилаҳои онҳо пурзур намоем.

-Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва имомони масҷидҳои панҷвақта вазифадоранд, ки дар баргузории намозҳои ҷумъа ва панҷвақта дар фурсатҳои муайян атрофи кирдорҳои хиёнаткоронаи  ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар ҳаракатҳои ихтилофангез маърӯза намуда, намозгузоронро бо далелҳои шаръӣ аз мақсадҳои нопоки он гуруҳҳо огоҳ намоянд.

-Ташкилот, муассиса ва корхонаҳоро зарур аст, ки оид ба роҳ надодани занон ба либосҳои сиёҳ ва ба фарҳанги мо бегона, ва истифодаи либосҳои муайянгардида, дар доираи либосҳои миллӣ корбарӣ намуда, иҷроиши низоми либоспӯшии миллиро риоя намоянд.

-Бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим пайваста корбарӣ намуда, мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи ҷамоат ва шаҳр мунтазам баргузор намояд.

-Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри ҷалби шаҳрвандон ба китобхонаҳо, клубҳо ва нуқтаҳои фарҳангиву фароғатӣ пайваста корбарӣ намуда, баргузории чорабиниҳои фарҳангиро вусъат бахшад.

-Нисбат ба шахсоне, ки мавқеи бетарафиро ихтиёр менамоянд даъват менамоем, ки бетарафӣ дар баробари бешарафӣ будан, инчунин ҷиноят ва хиёнат буда, дар ҳоле, ки сухан дар бораи амну суботи давлату миллат меравад, ҳар як узви ҷомеа бояд баҳри пойдории ин неъматҳо саҳми худро гузорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Айни замон мо дар арафаи иди саиди Қурбон қарор дорем. Аз ин лиҳоз, ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, фазои сулҳу ваҳдат ва хонадони пур аз файзу баракатро таманно дорам. Бигзор, ки ҳамагон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастархони идонаи худро бе ягон зиёдаравиву исрофкорӣ баргузор намоянд. Шахсони саховатманд ва нафароне, ки нияти дар арафаи иди саиди Қурбон баргузор намудани хайру саховат ва ё қурбониро доранд, бигзор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниёзмандону муҳтоҷон, ятимону маъюбон ва дигар қишри ниёзманди ҷомеа кӯмак расонида, ҳамчунин амалҳои хайр дар намуди садақаи ҷория аз қабили бунёди роҳҳову пайроҳаҳо, обод кардани кӯчаву маҳаллаҳо ва бартараф намудани эҳтиёҷоти молии муҳтоҷон амалӣ карда шавад. Ташаккур барои диққататон!  

   Ҳамдиёрони азиз!   

  Мо дар марҳилае қарор дорем, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи бошукӯҳи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалҳои созандаю бунёдкоронаи хеш саҳмгузор бошем .

  Истиқлолият ин ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик, дастоварди беназирест, ки мислаш арзиши  гаронбаҳотаре нест. Фаромӯш накунем, ки истиқлолияти мо осон ба даст наомадааст. Мо онро ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ба даст овардаем. Имрӯзҳо аксари  мардум  бо ифтихор даст болои қалб гузошта, мегӯянд,  “мо ватандор, соҳиби марзу бум ва  миллати тифоқу сарҷамъ ҳастем, зеро ҳаммаром ва иттифоқ будани мо ин нерӯи тавоноӣ мо мебошад”.

   Мутаассифона, имрӯзҳо ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои ифротгаро  монанди ТТЭ ҲНИ бо ҳар роҳу васила кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро  пиёда намуда осоишу амнияти моро халалдор созанд ва моро боз ба ҳамон сенарияи солҳои 90-ум баргардонанд.

  Далели ин гуфтаҳо шоҳиди ҳол Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва ё Мавлавӣ Аёмиддин мебошад, ки яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом (ҲНИ) дар наворе,ки  бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” пахш шуд, бори дигар хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро ҷиҳати тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик ва давлатдории миллӣ фош сохт. Парда аз рӯи душманони миллат бардошта шуд ва бозиҳои пасипардагии ТТЭ ҲНИ ифшо гардид.

Воқеият ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд, ки ТТЭ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Амалҳои зишти онҳо  имрӯз ба ҷомеаи байналхалқӣ низ ошкор гардид.

Албатта, аксари сокинони кишвар мусалмон ҳастанд ва аз ин афзалият истифода намуда, ҳизби наҳзат манфиатҳои худро дар ҷамъият ҳимоя мекард ва динро воситаи пешбарандаи барномаи худ қарор дод. Маҳз бо ин роҳу восита дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебурд, ҳол он ки дар дини мубини ислом гурӯҳбозӣ ва тафриқаангезӣ манъ аст. Аз ҳамин лиҳоз, Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзатро бидуни шарту шароит ҳамчун ташкилоти террористӣ манъ кард.

Аз гуфтаҳои Аёмиддин Сатторов аён гардид, ки дар канори худ мо – тоҷикон ҳамзабон, ҳамтаъриху ҳамтақдир, дӯстеро – яъне кишвари Эронро оғуш кардаем, ки хадамотҳои махсуси он ниятҳои нопоку ғаразнок доштаанд. Дар остини худ душманони миллати моро парварда, бар муқобили мо тайёр мекардааст. Мушоҳида шуд, ки наҳзатиён ва роҳбарияти онро маҳз кишвари Эрон пуштибон ва саробон будааст.

Халқи тоҷик халқи сулҳпарвару сулҳхоҳ аст. Дар бобати дӯстиву рафоқат устоди бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода хело ба маврид гуфтааст:

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

Тамоми халқиятҳои дунё моро ҳамчун миллати Ваҳдатгарою Истиқлолиятхоҳ мешиносанду эътироф мекунанд. Дар чунин маврид мо ин маҳбубиятеро, ки миёни давлатҳои дунё сазовор гардидаем ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳем дод.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ, мутаасифона, боз баъзе ношукроне ҳастанд, ки ба қадри осоишу ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназири даврони навини давлати Тоҷикистон намерасанд. Дар ин бобат гӯё Мавлонои Балхӣ барои имрӯзи ҳамдиёрону ҳаммиллатон худ гуфта бошад, ки:

          Зиҳӣ дарё, ки андар вай ҳама ғарқанду ҳайронанд,

Чу моҳӣ зиндаи дарёву дарёро намедонанд.

Яъне бархе аз носипосони миллат дар фазои сулҳу субот ва амнияти кишвар зиндагӣ доранду ба қадри ин неъматҳои бузург намерасанд.

Табиати инсон бо дидан, шунидан ва эҳсос кардан зиндааст – вақте, ки мардум эҳсоси хурсандӣ, хушбахтӣ ва саодатро дорад, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ин эҳсосот бо ӯ бимонад. Хушбахтона, имрӯз кулли мардуми тоҷик чунин эҳсосотро дорад ва намегузоранд, ки нохалафе ба майдони ваҳдат ва саодати тоҷик санги ифротгароёна андозад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шаҳри Кӯлоб, ин амалҳои даҳшатбори ТТЭ ҲНИ-ро қотеъона маҳкум месозем. Дар ҳамин замина душманони миллат фаромӯш накунанд, ки мо миллати тавоноем аз равиши таърихи худ  таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо иродаи матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо аҳли ҷомеа, ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми аҷдодии хешро чун гавҳараки чашм аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзу ҳимоя менамоем.

Мо амалҳои муғризона ва хоинонаи бадхоҳони давлату миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Зиндаву ҷовид бод Тоҷикистони азиз, таҳти роҳбарии Пешвои хирадманди мо !!!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code