Филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» дар баррасии ҷомеа

Таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  оид ба иҷрои  нақшаи чорабиниҳо, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст,  машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат намуда, масъалаи  баргузор намудани  вохӯриҳо  дар кучаву маҳаллаҳо, деҳаҳои дурдаст, ташкилоту муассисаҳо оид ба пушаймонӣ ва таассуфи   яке аз саркардаҳои ТТЭ ҲНИ Мавлавӣ Айёмидин ё Сатторов Айёмидин баррасӣ гардид.

Худи ҳамин рӯз  вохӯриҳо тибқи нақша аллакай дар ҷамоатҳои деҳоти Зиракӣ ва Даҳана  доир карда шуд. Сокинони ҷамоатҳои мазкур ҳама гуна амалҳои террористӣ ва аз ҷумла амали террористии  ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломро, ки бо роҳбарии намояндаи ин ҳизби харобкор Убайдов Носирхуҷа Ахтамович зодаи ноҳияи Фархор аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ дар ҷустуҷу қарор дорад ва  Абдусамадов Ҳусайну як зумра ҷавонони ноогоҳ, ки дар домани  морони заҳрогин аз қабили Абдусамадов Ҳусайн  тарбия ёфтаанд, дар ноҳияи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ амалӣ гашт, маҳкум намуданд.

                                   Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code