Корҳои ободонӣ вусъат меёбад

Бо шарофати Истиклолияти давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб дар баробари  бунёдкорию созандагӣ корҳои сабзу хуррамгардонӣ низ авҷи тоза мегирад

Имрӯзҳо барои зиннат бахшидани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб   кормандони Корхонаи фаръии давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ корҳои кабудизоркуниро вусъат бахшида,  ба истиқболи 30- солагии ҷашни Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинонидани  гулу буттаҳои гуногунро  дар ҳамдастӣ бо сокинон идома дода истоданд.

Бахшида ба ин санаи фархунда кормандони корхонаи мазкур  корҳои кабудизоркуниро вусъат бахшида, дар се ниҳолхона наздик ба 70 ҳазор гулу буттаҳои гуногунро омода намудаанд.

Ҷихати зиёд намудани гулу буттаҳо айни ҳол дар 5 гармхонаи корхона  парвариши гулҳои зиннатбахш идома дошта, зиёда аз 10 номгуйи гулу буттаҳо  парвариш меёбанд.

Кормандони корхона  иқдом гирифтанд, ки  соли равон аз ҳисоби гулу буттаҳое, ки дар гармхонаҳо парвариш меёбанд  кучаю маҳҳаллаҳои шаҳрро гулпӯш намоянд.

Дар қаламрави шаҳри Кӯлоб корҳои ободонӣ ба истикболи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шакли оммавиро гирифта, кормандони ташкилоту муассисаҳо  ва сокинон иқдом гирифтаанд, ки ҷашни таърихиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намоянд.

                                                                                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code