Ҳифзи табиат қарзи ҳар як шаҳрванд

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда 93%-и қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медихад ва ҳамчун мамлакати дорои аз ҷихати набототу ҳайвонот, растанихои гуногун ва зеризаминии бой шинохта мешавад. Дар қаламрави кишвар 20 намуди наботот мавҷуд буда, олами ҳайвоноту паррандагон ва набототи он 2%-и намудҳои ҷаҳониро ташкил медихад.

Дар робита ба ин дар шаҳри  Кӯлоб тибқи накша чорабинихои кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Академияи илмхои кишоварзӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки хадафи асосии он ҳифзи олами табиат ва ғанӣ гардонидани олами ҳайвоноту парандагон ва растанихои шифобахш буд.

Дар ҳамоиш оид ба табиати кишвар,  ба хусус ноҳияҳои кӯҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сухан рафт. Гуфта шуд, ки баъди кабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи мухити зист» чун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба мустаҳкам намудани истифода ва хифзи сарватхои гуногуни биологию ирсӣ мусоидат намуд.

                  Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code