Баъзе дастовардҳои ДДК дар соли хониши сипарӣ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар соли таҳсили сипарӣ ба як қатор дастовардҳои таълимӣ шарафёб гардиданд, ки ҳимояи рисолаи номзадии 9 нафар устодон, таълифи 3 рисолаи докторӣ, шурӯи шабакаи дохилии электронӣ, Шӯрои муштараки диссертатсионӣ, эътирофи маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳ» ба сифати маҷаллаи тақризшаванда, қарордоди ДДК ба ДДМ ба номи Ломоносови Руссия  аз қабили онҳост.

 Ректори донишгоҳ Абдуллоҳ Ҳабибуллоҳ дар нишасти худ бо хабарнигорон сари масъалаи дастовардҳо таъкид намуданд, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар Олимпиадаи донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 22-23 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, иштироки фаъолона намуда, ба гирифтани якчанд ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд.Бахтиёр Аввалов, Ҳусниддин Ҳисайнов, Бедилҷон Шарифов ва Гулноза Шерова аз ҷумлаи иштирокчиёнеанд, ки гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ насибашон гаштаанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code