Дар ҷамъасти озмунҳои вилоятии муассисаҳои клубу китобхонаҳои деҳотӣ, ки таҳти унвонҳои «Кохи маърифат» ва «Даргоҳи ҳунар», ки дар асоси нақша-чорабиниҳои Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2016-2020 ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардиданд, кормандони клубу китобхонаҳои муассисаҳои фарҳанги минтақаи Кӯлоб ширкат варзида, сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Дар барномаи консертӣ, ки аз 14 номераи озмунӣ иборат буд, 8 номераи он аз ҳисоби ҳунармандони минтақаи Кӯлоб иҷро шуда, боиси таҳсину офарини ҳозирин гардид.
Бахши бойгонӣ -матбуотӣ