Обёрии заминҳо дар хоҷагиҳои деҳоти Кӯлоб

  Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб дар ҳафт моҳи соли 2018 барои бо оби полезӣ таъмин намудани 5877 га замини обёришаванда бо кишоварзон шартномаи тарафайн баста аст

 Тибқи иттилои роҳбари  идора Каримхон Исохонов  160 га заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарбдор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Мувофиқи дурнамои кишти зироатҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб дар соли 2018-ум, ки масоҳати умумии кишти зироатҳо 6302 га- ро  ташкил менамоянд, бояд ба миқдори 48583 метри мукааб  об дода шавад.

 То 01.08.2018 ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб ба миқдори 42584 метри мукааб об дода шудааст, ки  87 % нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар ин давра  35 км шабакаҳои обрасонӣ ва 18 км  заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудааст.

 Ба ғайр аз ин барои дастгирӣ намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҷамоатҳои  дехоти Кӯлоб 39 км заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагӣ тоза карда шуд.

 Обанбори Муъминобод яке аз иншоотҳои муҳими минтақа ва шаҳри Кӯлоб буда,  иқтидори лоиҳавии он дар ҳаҷми 30 млн метрии мукааб  обро дар бар мегирад.

Иншооти мазкур солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда шабакаи оберии Кулулу, ки дарозиаш 13 км мебошад, сарчашмаи асосии воридоти об ба ҳисоб меравад ва пайваста ба тоза кардан ниёз дорад.

  Аз обанбори мазкур ҳамасола заминҳои ноҳияҳоиМуъминобод- 88 га, Восеъ – 1548 га ва шаҳри Кӯлоб 4861- гектар обёрӣ карда мешавад.

  Бояд қайд намуд, ки бинобар камбориш омадани боду ҳавои имсола то 01.05.2018 сол дар обанбор 22 милион метри мукааб  об захира карда шуда буд, ки захираи об дар обанбор то имрӯз зиёда аз 16,0 млн м3 обро ташкил дода барои мавсими имсола басанда мебошад.

                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code