Омодагӣ ба соли нави таҳсил

То оғози соли нави таҳсил рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд. Падару модарони хонандагони муассисаҳои таълимӣ  имсол кӯшиш намуда истодаанд, ки  барои фарзандони хеш аз маҳсулотҳои истеҳсоли  худӣ харидорӣ  намоянд, зеро ин амал имкон медиҳад, ки корхонаҳои саноатии кишвар рушд ёфта, ба ин васила буҷети мамлакат  ғанӣ гардад.

Дар шаҳри Кӯлоб коргоҳҳои  саноатии ҶДММ «Кооператор», ҶДММ  «Мунаввар», ҶДММ «Зарҳам»,ҶСК  «Пойафзол» ба истеҳсол ва фурӯши  либосҳои мактабӣ  машғул мебошанд. Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳр  то имрӯз падару модарон ба ин корхонаҳо 1332340 сомонӣ пешпардохт намуда, корхонаҳои саноатии тавлидкунандаи либоси мактабӣ  дар навбати худ ба хонандагон 7902 либоси мактабӣ дастрас намудаанд.

Пардохти маблағҳо ва дастрасшави либосҳои мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ идома ёфта истодааст.

                                                                                                Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code