Машварати корӣ дар ҷамоати Зиракӣ

  Бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова, сархатиби масҷиди ҷомеи минтақаи Кӯлоб  Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода ва раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ҳусниддин Зардиев дар толори  ҷамоати деҳоти Зиракӣ бо сокинони ин ҷамоат вохурӣ доир карда шуд.

  Баромадкунандагон зимни баромадҳои хеш оид ба масоили доғи рӯз аз ҷумла бегонапарастиву ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, таасубӣ динӣ, нашъамандӣ  ва дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»  баргузор намудани иди сайиди Қурбон, ки санаи 21-уми август баргузор мегардад,  гуфтугузор намуданд.

 Баромадкунандагон амали нобахшидании бадхоҳонро, ки дар ноҳияи Данғара аз тарафи аъзоёни ДИИШ ва ТТЭ ҲНИ ба вуқуъ пайваст,  маҳкум намуда, ба  ин амали нангин  ва фармоишгарони ин ҷинояти мутҳиш лаънат хонда, таъкид доштанд, ки фарзандонро тавре тарбия намоем, ки  ба  доми созмондиҳандагон ва  бадхоҳону терористон наафтанд. Зеро он чанд ҷавони 18-19 сола, ки ҳанӯз  ширинии ҳаётро начашида буданд, ба  доми фиреби  ифротгароён афтода, нанги тоҷику Тоҷикистонӣ  гардиданд .

   Сокинони чамоати Зиракӣ низ ин амали номатлуби бадбинона ва барқасдонаро, ки нисбати сайёҳони хориҷӣ ба амал омад,  маҳкум намуданд.

                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code