Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр

Санаи 13 августи соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис аввалан масъалаи «Оид ба фаъолияти идораи беҳдошти замин ва захираҳои оби шаҳри Кӯлоб вобаста ба таъмини кишоварзон бо обӣ полезӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуда ҳисоботи сардори идораи мазкур шунида шуд.

Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур раиси шаҳр иброз дошт, фаъолияти босамари идораи мазкур ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва дуруст ташкил ва ба роҳ мондани низоми ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии об вобастагии калон дошта, нисбати ин масъала назорату пурсишро аз кормандон дучанд намудан зарурат дорад. Дар масъалаи таъминоти оби полезӣ дар мавсими имсола камбудию норасогиҳои муайян ҷой дошта, ба муовини якуми раиси шаҳр ва масъулини супориш дода шуд, ки  ҳамкориро бо аҳолӣ ва хоҷагидорон зич намуда, ҳар ҳафта вобаста ба масъалаи мазкур дар деҳаҳо ҷамъомаду вохӯриҳои судманд доир карда шаванд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли ҷорӣ ба миқдори зарурӣ маводи сухт ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо карда шуда, як қисм минтақаҳои хавфноки шаҳру деҳоти Кӯлоб бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда соҳилбандӣ карда шуданд.

  Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

– ҳолати обмонии гулгаштҳо, дарахтон, гулу гулбутаҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва назди биноҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ:

– рафти амалишавии амри раиси шаҳр аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»

– рафти сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ

– ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳр;

– рафти таъмиру азнавсозӣ, иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб

– бартараф намудани қарзи музди меҳнат;

– рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз

– ҳолати ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда;

– фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истесоли маҳсулот;

– ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои кӯчаҳои шаҳр;

– корҳои омодагӣ ба таҷлили идҳои дар пешистода, аз ҷумла рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ (18- августи), Иди Қурбон, Рӯзи Дониш (1- сентябр) ва 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9- сентяб) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардида, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code