БОЗГАШТ БА АСЛИ ХЕШ

  Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон доир карда шуд.

 Ҳамоиш бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагони дастгоҳи ҷамоати деҳоти Зиракӣ оғоз гардид.

Сокинони маҳсули дасти худро ба маърази дид гузошта, аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон доштани соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён қайд гардид, ки ҳунармандон дар ин сол пеш аз ҳама ҳунарҳои дастии худро сайқал дода, шаҳрвандонро ба ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб месозанд. Аслан, тоҷикон, аз қадим эҷодкор, ҳунарманд, ободгар  ҳастанд. Имрӯз ин хунарҳои моро оламиён эътироф  намуданд. Дар замони истиқлолият, даврони бозгашти миллатамон ба асли хеш ба ин ҷанба таваҷҷухи бештар равона шудааст.

Сипас, сокинон низ баромад намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро бо максади ҷалби занону чавондухтарон, чунин чорабиниҳоро бештар доир менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code