Лоиҳа арзёбӣ гардид

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯдоб бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” ба маблағи 4 миллион доллари америкоӣ шартнома ба имзо расонида буд, ки маблағи 2 млн. доллари америкоӣ грант ва 2 млн. доллари америкоӣ қарзи имтиёзноки дарозмуддатро дар бар мегирифт.
Санаи 3 августи соли ҷорӣ лоиҳаи мазкур арзёбӣ гардид. Лоиҳа охири соли 2018 ва аввали соли 2019 амалӣ шуда, ба муассисаи давлатии «Хоҷагии комуналӣ» 11 техникаи корӣ ворид мегардаду ба ин васила фаъолияти корхонаи коммуналии шаҳр ва ҳолати санитарию гигиении кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб беҳтар хоҳад шуд.

Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code