Ташрифи намояндагони ВАО Ҷумҳурии Ӯбекистон ба шаҳри Кӯлоб

  

Бо мақсади омодасозии  маводҳо ва наворҳо барои васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тарғиботи анъанаҳои дӯстии миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, шиносоӣ бо шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар Тоҷикистон ходимони фарҳанг ва хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо ташриф оварданд.

Бояд зикр намуд, ки гуруҳи меҳмононро нахуст дар рӯзи якуми сафари расмӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод» воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд пешвоз гирифта аз руйи барномаи тасдиқшуда дар идомаи ин сафар ходимони соҳаи фарҳанг ва рузноманигорони ӯзбек ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд.

Бо руҳияи болида ва шукргузори аз фазои осудаи диёр инчунин сиёсати муваффақонаи Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шоирону адибон, кормандони ниҳодҳои хабарии шаҳру минтақаи Кӯлоб ва гулдухтарони чаканпӯши Кӯлоб истиқбол гирифтанд. Аз рӯйи хатсайр ходимони фарҳанг ва хабарнигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сараввал зиёрати мақбараи орифи машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро баҷо оварда, ҳамчунин аз шароити зисти мардуми ӯзбектабор дар шаҳри Кӯлоб дидан карданд. Дар маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб, ки солҳои тулонист мардуми ӯзбектабор умр ба сар мебаранд ҳайати меҳмонон бо пирони рӯзгордида ва аҳолӣ суҳбату вохурӣ намуда аз тақвияти робитаҳои дӯстонаи ин ду миллати боҳам бародар изҳори хушнудӣ карданд.

Дар идомаи сафар барои меҳмонон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанг пешниҳод гардида ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

                                                Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

    

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code