Кӯлоб: Таҷлили рӯзи варзишгарон

 

  Имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб чорабинии идона бахшида ба рӯзи варзишгарон бо ширкати ҷавонону наврасон доир гардид, ки иштирокчиёни ҳамоиш аз дастоварду муваффақиятҳои варзишгарони шаҳру деҳоти Кӯлоб ёдоварӣ намуданд.

   Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб варзишгаронро ба ин санаи фархунда таҳният гуфта аз дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ёдовари намуда, қайд дошт, ки варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ миёни халиқиятҳои олам буда, варзиш гаравӣ саломатии ҳар як шахс мебошад. Дар идомаи ин ҷамъомад дигар иштирокдорон ибрози андешаронӣ намуда аз комёбиҳои ҷавонони варзишгари Кӯлоб ёд карданд.

  Дар анҷом ба варзишгарон сипоснома ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишнок тақдим намуданд.

 

Бахши бойгонӣ-матуботӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code