Варзиш-қосиди сулҳ

  Ҳамасола санаи 10-уми август дар Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамчун рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки варзиш қосиди сулҳ ва  инчунин варзишгар муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт тавваҷуҳи махсус зоҳир намуда, тайи солҳои соҳибистиқлоли ба хотири рушди ин соҳа ва дастгирии варзишгарон иқдомҳои назаррасро амалӣ кардааст.

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зери дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Роҳбарияти олии давлат баҳри рушди ин соҳа тадбирҳои лозимиро муҳайё ва роҳандозӣ намудааст.

  Варзишгарони номдори миллати тоҷик аз ҷумла Сайидмумин Раҳимов, Расул Боқиев, Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Искандари Рустам, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сорбон Латипов бо ҳунару маҳорати варзишии хеш номи давлату миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, парчами давлатӣ парафшон гардидааст.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code