Муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик

  Бо мақсади тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сокинон ба корҳои хонагӣ дар деҳаи Ватаншо Шамсови ҷамоати деҳоти Зарбдори шахри Кӯлоб  намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

  Дар намоиши мазкур сокинон ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд. Аз рафти намоиши ташкилгардида раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул дидан намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифи тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

  Таъкид гардид, ки  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ на танҳо манбаи болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ, балки муаррифи тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар самти амалишавии ин иқдом саҳми назаррас гузорем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code