Кӯлоб: Таваҷҷуҳи саноатчиёни Ҷумҳурии мардумии Хитой

  Боиси қаноатмандист, ки ҷараёни фаъолияти корхонаи ҶДММ «Кӯлоб-Тектайл» бо саҳми мутахасисони чинӣ ҷоннок гардонида шуд. Тайи солҳои охир соҳаи саноат дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ бесобиқа рушд ёфта, дар рушди ин соҳа саҳми соҳибкорони ватанӣ алалхусус бахши хусусӣ бараъло эҳсос мегардад.

  Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 8 корхонаи хурду бузурги коркарди пахта фаъолият дошта, се сол боз  ҳар кадоми онҳо пахтаи худро ҳамчун ашёи хом ба фурӯш мебароранд.  Ин имкон медиҳад, ки минбаъд пахта коркард карда шуда, дар шакли  нахи тайёр ба фуруш бароварда шавад.

 Мудири бахши саноат, энергетика, ва нақлиёту коммуникатсияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Икром Исматов бо иқтидори пурра ба кор шуруъ намуда, зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони  шаҳри Кӯлобро ба ҷойи кор таъмин менамояд.

 Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code