Кӯлоб. Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

   Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои созандагӣ бунёдкорӣ  бахшида ба 30- солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фаъол гардонидани корхонаҳои саноатӣ, такон бахшидан ба рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳру деҳоти  Кӯлоб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо ҳайати ҳамроҳонаш иборат  аз аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазирону раисони кумитаҳои дахлдор ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

   Иттилоъ бояд дод, ки дар рӯзи якуми сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз вазъи корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншоотҳои  ҳаётан муҳими ҷомеъа ва инчунин аз ҳолати коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолии аз кор бозмонда дидан намуда, ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳо ва тезонидани корҳои бунёдии  иншоотҳои сохташаванда ба масъулини соҳаҳои марбута ва соҳибкорон дастуру ҳидоятҳо дод.

  Ҳамчунин дар рӯзи дуюми сафари расмӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимиятивилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ташкилоту муассисаҳои вилоятию минтақавӣ фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи корӣ доир намуд.

  Зимни суханрони Қоҳир Расулзода доир ба  ҳолати воқеии бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб маъруза намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулини вазорату кумитаҳо ва дигар шахсони мутасаддӣ супоришҳои мушаххас дод.

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code