Кӯлоб. Бобати амалҳои даҳшатборӣ террористон

 Амали даҳшатборе, ки санаи 29.07.2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби як гурӯҳи ваҳшии аҳримансифатон нисбати сайёҳони хориҷӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа 4 нафар сайёҳӣ аз олам даргузашт ва 3 нафари дигар ҷароҳати вазнин бардоштанд, қотеона маҳкум намуда, ба аҳлу оилаи ҳалокшудагон изҳори тасалият  ва ба осебдидагони ин ҳодиса шифои комил орзу менамоем.

  Дар асл ин ҳодисаи мудҳиш тамоми мардуми Тоҷикистонро нигарон намуд. Агар ба ин ҳодиса назар афканем, мебинем, ки аксари аъзои ин гурӯҳи террористиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳодисаи мазкур дар ҳоле рух дод, ки мардуми шарафманди тоҷик баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пеша кардани корҳои созандагию бунёдкорӣ омодагиҳо дида истодаанд. Имрӯзҳо бисёре аз ҷавонони мо бо амалҳои неку созанда дар ободгардонии Ватани азиз бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ саҳмгузорӣ карда истодаанд.

  Ё ин, ки тамоми мардуми дунё ташаббусҳои беназири Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва эътироф намуда истодаанд. Яке аз иқдомҳои Сарвари давлатамон эълон намудани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон сабту ҷовидон хоҳад монд. Дар ин сол шумораи сайёҳони хориҷӣ зиёд гардида, аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат садҳо иншоотҳои наву замонавӣ ва ҷойҳои  истироҳатӣ барои қабули сайёҳон бо тарзи муосир сохта ба истифода дода истодааст. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми тоҷик аз азал мардуми меҳмонавоз ва инсодӯст аст. Ва Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила тараққи карда истодааст.

  Мутаасифона, дар ин миён боз ҷавонони ноогоҳу тирабин ҳастанд, ки бо фиребу дасисаҳои гурӯҳҳои тундгаро дода шуда, ба ҷойи ободгардонӣ теша ба решаи дарахти сабзи давлату миллати худ мезананд. Мехоҳанд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози амну субот ҳамчун давлати заифу нотавон нишон диҳанд. Ормони ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷик Истиқлолият мебошад, ки бо ивази хуни ҷони ҳазорҳо ҷавонмардон он ба даст омад, мехоҳанд аз байн баранд.

  Хоинони давлату миллати фаромӯш накунед! Мо миллати тавоноем аз равиши таърихи худ таҷрибаи зиёде дорем, ки ягон ақидаву фишорҳо ва чунин амалҳо ваҳшиёна иродаву матини миллати моро шикаста наметавонад. Мо ҳар сония, ҳар даққиқа, ҳар лаҳза ва ҳамеша омодаем, ки ин марзу буми худро аз таъдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифзу ҳимоя менамоем.

 НЕСТ БОД ХОИНОНУ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ!

 НЕСТ БОД ЗАҲҲОКСИФАТОН! НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code