Тероризм падидаи хавфнок барои ҷомеъа

  Тайи чанд рӯз аст, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҳузури қишрҳои мухталифи ҷомеъа вохӯрию сӯҳбатҳо ва ҷамъомаду ҳамоиш вобаста ба маҳкум кардани амали хиёнаткоронаи равияҳои ифротӣ, ки санаи 29 июли июли сори равон дар вилояти Хатлон ба вуқуъ омад доир гардида истодааст.

  Чунин як вохӯрии судманд бо раисони кумитаҳои маҳаллаи шаҳри Кӯлоб дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати гузаронида шуд.

Зимни суханронӣ зикр гардид, ки хатару падидаҳои номатлуби замон аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ сокинони сайёраро ба ташвиш оварда рӯз то рӯз шумораи ташкилотҳои экстремистӣ афзоиш ёфта истодааст.

  Барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ тамоми аҳли ҷомеъа муваззаф аст то насли ояндасози давлату миллат ба доми фиреби чунин афроди зиёнкор наафтанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code