Рушд бахшидани соҳаи соҳибкорӣ

 Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ барои соҳибкорон дар доираи лоиҳаи мини- грантҳои Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо доираи  васеъи соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

 Нахуст дар кори семинари омӯзишӣ Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдухолиқ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгири давлатии соҳибкорӣ инчуин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи соҳибкорӣ, «Имтиёзҳои анозиву гумрукӣ барои соҳибкорону сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурӣ» суханрони намуда ба соҳибкорони иштирок дошта дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

 Бояд иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш қайд намуд, ки рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти он аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати мамлакат мебошад зеро соҳибкорону хурду миёна хусусан соҳибкорони истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии маруми кишвар ва заминаи бо эътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ афзун намудани табақаҳои миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ мебошад.

   Дар анҷоми семинари омӯзишӣ  соҳибкорон  суолҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бахшӣ бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code