Мизи мудаввар оид ба паст кардани шиддати бемории сил

  Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемории сил ва беҳтар намудани ҷалби самараноки ҳамкорон барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оиди дарёфти саривақтӣ, ташхис, табобат, назорат ва дастгири ҳангоми дарёфти бемории сил байни ҷомеъа мизи мудаввар барпо гардид.

  Дар ҷараёни доиршавии мизи мудаввар намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаҳои маҳҳал,  мутахассисони марказҳои ВНМО,  сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, кормандони соҳаи  тандурустӣ  ва  аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии  «Анис» боваста ба мавзӯъ ибрози ақидаронӣ намуданд.

  Бояд гуфт, ки шароити феъли ташкилу баргузор намудани чунин тадбирҳо ба манфиати ҷомеъа мебошад.

  Масъулин иттилоъ доданд, ки минбаъд баргузории чунин семинарҳоро  зиёд менамоянд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code