Кӯлоб. Маҳкум кардани амалҳои терористӣ

  Дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонону нарасон сокинону кормандони касбу кори гуногун ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷамъомад дар мавзӯъи терроризм экстремизм баргузор гардид.

 Зикр кардан ба маврид аст, қабл аз суханронии баромадкунандагон намоиши филми «Решаҳои ноаён» ки фаъолияти чандсола ва ҳадафу мақсадҳои нопоки Ҳизби мамнуъи Наҳзати Исломи Точикистонро дар бар мегирифт пешниҳоди ширкаткунандагон гардонида шуд.

 Ҳангоми суханрони баромадкунандагон вобаста ба мавзӯъи мубориза бо хатарҳои геополитики ҷаҳон ва амали терористии чанд тан аз ҷавонон ки дар ҳудуди вилояти Хатлон рух дода буд ибрози андешаронӣ намуданд.

Бахши бойгонӣ – матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code