Бонуи ҳунарманди кӯлобӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид

  

  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, озмуни вилоятии «Бонуи ҳунарманд» ташкилу гузаронида шуд, ки дар ин тадбири фарҳангӣ занону бонувони ҳунарманд аз 25 шаҳру ноҳияҳои тобеи вилояти Хатлон иштирок намуданд.

  Дар озмуни мазкур баробари дигар занони соҳибҳунар аз шаҳри Кӯлоб Азизова Шарафнисо иштироки фаъолона дошт, ки аз руйи холгузории ҳайати ҳакамон номбурда ба гирифтани зиннаи ифтихорӣ мушарраф шуда, бо сипоснома ва туҳафаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code