Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Кӯлоб

  Рӯзи 28 июли соли 2018 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз тарафи раиси шаҳр муҳтарам Хайрулло Амонулло қабули шаҳрвандон  гузаронида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷиҳати ҳалли мушкилоти шаҳрвандон, расидагӣ ба арзу шикоятҳои табақаҳои ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрам қабули шаҳрвандон аз тарафи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад.

  Дар ин самт низ ҳафтае як маротиба рӯзҳои шанбе аз ҷониби Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Кӯлоб қабули шаҳрвандон доир карда мешавад, ки мушкилотҳои сокинон ҳаллу фасл мегардад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code