Изҳори тассалият ба падару модари Ҳувайдои 5- сола

   Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Кенҷамо Маҷидова ба хонаи сокини шаҳри Кӯлоб Ҳувайдо Тиллозодаи 5- сола ки дар Федератсияи Россия ҳамрохи волидайнаш зиндагӣ мекард ва ногаҳон рӯзи 22-уми июли соли ҷорӣ дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово дар вилояти Маскав ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд ва ҷасади ин дустрӯякро ба ватан интиқол додаву ба хок супориданд ташриф оварданд.

    Кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо падару модари Ҳувайдо суҳбат намуда  ҷиҳати ҳодисаи нобаҳангоми қатли Ҳувайдо изҳори тассалият баён карда, иброз доштанд, ки ҷинояткор дар асоси қонунхои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешавад ин амали фаҷиабор боиси ғамгинии тамоми мардуми  Тоҷикистон гардид.

Бахши бойгонӣ матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code