Муқовимат ба савдои одамон

   Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июли соли 2017, №340 «Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон», қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 ноябри соли 2017, №217 қарори раиси шаҳри Кӯлоб №89 аз 29.01.2018 ба тасвиб расид.Бо қарори мазкур дар шаҳр комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон  таъсис дода шудааст.

   Дар бинои Ҷамоати деҳоти Кӯлоб аз ҷониби котиби комиссияи ҳудудӣ сармутахассис- ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони Ҷамоати деҳот, намояндаи Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоева Моҳира, намояндаи шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳр Қосимзода Баҳром, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Майрам» Шарифова Маҳбуба ва намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб Маҳмадиев Дилшод бо сокинони Ҷамоати деҳот оид ба пешгирии хариду фуруши инсон вохурӣ гузаронида шуд. Дар вохурӣ аз ҷониби котиби  комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон сармутахассис- ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Гулмадов Амирҷон талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба иштирокчиён фаҳмонида, доир ба комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон  дар шаҳр ва низомномаи он суханронӣ намуд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби намояндаи Созмони байналмиллалии муҳоҷират Файзуллоева Моҳира, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Майрам» Шарифова Маҳбуба, намояндаи шуъбаи муҳоҷират дар шаҳр Маҳмадиев Дилшод баромадҳо доир карда шуд. Ҳамзамон чунин вохӯрӣ дар бинои Ҷамоати деҳоти Даҳана бо сокинони Ҷамоати деҳот низ доир карда шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code