Эҳёгардонии ҳунарҳои аҷдодӣ дар маҳал

  Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

  Нахуст, сокинон барои хонтирмон гузаштани чорабинӣ тайёрии хуб дида, ҳама намуди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои аҷдодон, ки ба мо мерос мондаанд, аз қабили гулдузӣ, зардузӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, сӯзанӣ ва ғайра ба намоиш гузоштанд.

   Бояд гуфт, ки дар маҳаллаи мазкур аз ҷониби соҳибкорон сехи дӯзандагии ҶДММ “Мунаввара” ташкил гардидааст, ки дар он аз ҷониби занони ҳунарманд ба духтарон ва занони хонашин ҳунари дӯзандагӣ, хусусан ҳунарҳои миллӣ омӯзонида мешаванд. Илова бар ин, барои хонандагони мактабҳои миёна дар ин коргоҳ сару либоси мактабӣ духта мешавад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code