Вусъат бахшидани корҳо барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

  Рӯзи 21 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласа таҳти роҳбарии  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳо  барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб доир гардид.

  Дар ҷаласа Хайрулло  Амонулло -раиси шаҳри Кӯлоб, муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва  сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  иштирок доштанд.

  Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  қайд намуданд, ки бо фаъолони шаҳру ҷамоатҳои деҳот вохӯриҳо анҷом дода шуда, дар якҷоягӣ бо гуруҳҳои корӣ аксарияти деҳа ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр, муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва як қатор корхонаҳои саноатиро дидан намудем.

    Масъалаҳои ҷойдошта  асосан муайян гардида, барои ҳалли онҳо вохӯрии зодагони шаҳру деҳоти Кӯлоб, ки дар мансабҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, рӯзи 8 июл вохӯрии алоҳида, рӯзи 16 июл  дар Осорхонаи миллӣ боз як вохӯрии дигар  гузаронида шуд. Ҳамаи иштирокдорон оид ба саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб омодагиашонро иброз намуда, рӯйхат таҳия гардид.

 Вобаста ба ин роҳбарони  гуруҳҳои корӣ  бояд пешниҳодҳоро ба инобат гирифта, нақшаи чорабиниҳоро мукамал намуда, пешниҳод намоянд.

  Ҳамзамон мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аз ҷониби сокинони кӯчаю маҳалла ва деҳот корҳои ободонӣ оғоз шудаанд.

  Роҳбарони гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шаванд, ки  нақшаҳои кориро мукамал намуда пешниҳод намоянд.

   Барои вусъат додани  корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалла ва деҳот масъулин вазифадор гардиданд.

   Роҳбарони гуруҳҳои корӣ фаъолиятро дар кӯчаю маҳалла ва деҳот тибқи нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монда, ҳар ҳафта аз натиҷаи корҳои иҷрогардида маълумот пешниҳод хоҳанд намуд.

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code