Вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар шаҳр

  Вобаста ба гармии ҳаво дар моҳи июл барои пешгирии хушкшавии ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо дар шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, муовинони раиси шаҳр, сардорони шубаю бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои обмонӣ ва нигоҳубини дарахтону гулҳо  дар  кӯчаю хиёбонҳои шаҳр вобаста гардиданд.

   Тибқи нақшаи мазкур ҳар рӯз ниҳолу дарахтон обёрӣ карда шуда истодаанд. Ҳамзамон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр вазифадор карда шудаанд, ки корҳои ободониро вусъат бахшанд.  Корҳо дар ин самт муташаккилона идома доранд.

Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code