Кӯлоб. Ғамхорӣ дар ҳаққи эҳтиёҷмандон

    Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои  ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон захираю имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, ба табақаи осебпазир кӯмакҳои моддию молявӣ мерасонад. Ҳамчунин дар солҳои 2016-2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 ба зиёда аз 295 нафар маъюбон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида,  як қисми онҳо бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ройгон  таъмин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳр муассисаи давлатии «Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолият дошта, ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, алалхусус ба маъбон, пиронсолон, шахсони яккаву танҳо,  ятимони кули бесаробон, иштикорчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои камбизоат аз рӯи 26 намуд хизмати ройгони иҷтимоӣ  мерасонад.

  Аз ҷумла шустушӯи либос ва рахти хоб, рубучини хона, тайёр намудани хӯрок, мусоидат барои пардохти хизматҳои коммуналӣ, қувваи барқ ва алоқаи телефонӣ, таъмири манзил, хизматҳои иҷтимоии равонӣ, вобаста кардан ба ташкилоту муассисаҳо, таъминоти ройгон бо доруворӣ, ҷудо кардани роҳхат ба муассисаҳои табобатӣ, санаторию курортӣ, дастрас намудани (харидории) маводи озуқа ва молҳои ғайриозуқавӣ.

   Ба кӯдакон маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ, муошират ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ, маҳорату малакаҳои худхизматрасонӣ ва тарзу усулҳои дигари мутобиқшавии иҷтимоӣ омӯзонида мешавад.

   Инчунин бо пайдо гардидани заруриятҳои дигар аз ҷониби хизматгирандагон, хизматрасонӣ, ки дар феҳристи тасдиқгардидаи хизматҳои иҷтимоӣ вуҷуд надорад,  ба анҷом расонида мешаванд.

  Дар нимсолаи аввали  соли 2018 -ум 38 нафар коргарони муассиса ба 295 нафар нафақахурону маъюбони бесаробон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз оилаҳои камбизоат хизмати ройгони иҷтимоӣ дар хонаҳояшон расонида шудааст.

  Дар ин давра  аз ҷониби кормандони муассиса ба хизматгирандагон 827 маротиба ёрии аввалини тиббӣ расонида шуда, 537 маротиба хизматгирандагонро ба дармонгоҳ  гусел карда, 731 маротиба ба хонахояшон духтур даъват карда шуда, 250 маротиба барои ташхис ба  беморхона бурда, 88 маротиба хуҷҷатҳои тиббӣ тайёру омода намуданд. Ҳамчунин  кормандони марказ 122 маротиба ба беморхона ба айёдати хизматгирандагон рафтанд.

   Дар бароробари ин хизматрасониҳо, 2881 маротиба аз бозор маводҳои хӯрока харидорӣ намуда ва 5077 маротиба дар хонаҳояшон хӯрок тайёр карда, 1626 маротиба дар хонаҳояшон нон пухтанд.

   Ҳамзамон кормандони марказ 6046 маротиба хонахояшонро ба тартиб дароварда ва 1247 маротиба  усто барои кам кардани мӯи сар ва тарошидани риш, 225 маротиба устои таъмиргар, 211 маротиба устои барк, 160 маротиба дӯзанда ва пойафзол  даъват карда шуда, 436 маротиба ба онҳо хизмати наклиётӣ  расонида шуд.

   Қобили қайд аст, ки кормандони марказ 4190 маротиба  либосҳо,  4257 маротиба ашёҳои рӯзгорро шуста ва 4242 маротиба рахти хобби хизматгирандагонро иваз намудаанд.

   Ба кӯдакони имконияташон маҳдуд низ дар ин давом  3685 маротиба машғулиятҳо гузаронида, 4063 маротиба бо волидайну омӯзгорон ва табибоне, ки бо онхо сару кор мегиранд суҳбату омӯзишҳо доир карданд.

   Дар давоми  соли 2018 кормандони хизматрасон 12694 маротиба ба хонаҳои хизматгирандагон ташриф оварда, бо онхо хамсуҳбат гардиданд.

  Инчунин дар арафаи идҳо  ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон, аз ҷумла Кооперативи тиҷоратии Ҳамадонӣ, ҶДММ «Ҷалолӣ», ҶДММ «Кабк», ҶДММ «Тиллои Сафед» ва маркази савдои «Баҳром»ба хизматгирандагон мунтазам кӯмакҳои моддию молиявӣ  мерасонанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code