Семинари омӯзишӣ оид ба амалишавии барномаҳо

   Рӯзҳои 17-18 июли соли равон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони бахшу шуъбаҳои иқтисод ва савдо, ва сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб семинари омӯзишӣ вобаста ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 доир карда шуд.

 Дар семинар қайд карда шуд, ки барои амалишавии Стратегияи мазкур дар се давра барномаҳои миёнамуҳлат таҳия карда мешаванд, аз ҷумла барои солҳои 2016-2020, 2021-2025 ва 2026-2030. Айни замон Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст. Дар СМР 2030, БМР 2020 ва 8 стратегияи сохавӣ  интегратсияи ҲРУ 78 фоизро  ташкил медихад.

 Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо алоқаманд буда, вобаста ба ин бояд мониторинги барномаҳо дар сатҳи маҳал гузаронида шуда, ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои барномаҳо бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳамкорӣ намудан зарур аст. Ҳамзамон дар таҳияи буҷет вобаста ба буҷетҳои дахлдор бояд маблағҳои барномаҳо ба инобат гирифта шаванд, қайд гардид дар семинар.

  Вобаста ба гузаронидани мониторинг ва арзёбии барномаҳо ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин ба иштирокчиёни семинар маълумотҳои зарурӣ ба тариқи китобча дастрас карда шуд.

Оид ба рафти иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ҳисобот таҳия ва пешниҳод карда мешавад.

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code