Кӯлоб: Беҳтарин ҷамоат, деҳа ва маҳалла муайян гардид

   Бахшида ба 27 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмун оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури идома дошта, озмуни мазкур дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид, ки беҳтаринҳо муайян карда шуданд. Маврид ба ёдоварист, ки озмуни шаҳрӣ оид ба муайян намудани беҳтарин ҷамоат, деҳа ва маҳалла дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷамъбаст гардида, аз тарафи аъзоёни ҳайати комиссия бо баҳогузори ғолибони зинаи аввал ба даври вилояти озмун роҳхат гирифтанд. Аз руйи натиҷагирии рафти озмун муаяйн карда шуд, ки ҷойи аввалро ҷамоати деҳоти Зиракӣ, зиннаи дуюмро ҷамоати деҳоти Даҳана ва ҷамоати деҳоти Зарбдор ба гирифтани мақоми сеюм сазовор гаштанд. Дар миёни беҳтарин деҳаҳо деҳаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Зарбдор сазовори макоми аввал, деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб зиннаи дуюм, мақоми сеюмро деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракӣ ишғол кард.

   Бояд қайд намуд, ки аъзоёни ҳайати комисияи озмуни шаҳрӣ оид ба муайян намудани беҳтарин маҳаллаи шаҳри Кӯлоб аз тамоми маҳаллаҳои аҳолиншини шаҳр дидан намуда, ба маҳаллаи Чумъа Алӣ макоми аввал, маҳаллаи Нусратулло Абдулҳақов зинаи дуюм ва маҳаллаи Сайфиддин Санговро ба макоми сеюм муносиб донистанд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code