Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр

  Санаи 16 июли соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии раиси шаҳр баргузор гардида, нахуст масъалаи «Оид ба таҳлили фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази хизматрасонӣ дар хонаи шаҳри Кӯлоб» мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Раиси шаҳр ҳангоми баррасӣ масъалаи мазкур иброз дошт, ки масъалаи ғамхорӣ ба қишри эҳтиёҷманди ҷомеа, аз ҷумла маюъбону шахсони якаву танҳо зери назорати доими Асосгузори сулҳу ваҳдати миилӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

  Аз таҳлилҳо бармеоянд, ки вазъи баруйхатгирии шахсони эҳтиёҷманд, хизматрасонӣ ба онҳо аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии Маркази хизматрасони дар хонаи шаҳр ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда бошад, ҳам то ҳол як қатор норасогиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ оиди сари вақт бақайдгирии шахсони эҳтиёҷманд ва ташкили ҳамкории домӣ муассисаҳои тандурустӣ бо Муассисаи номбаргардида ҷой дошта, ба масъулин барои ислоҳи вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.

 Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла:

– ҳолати обмонии гулгаштҳо, дарахтон, гулу гулбуттаҳо дар кӯчаҳои шаҳр ва назди биноҳҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ:

– рафти амалишавииамри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб»

– бартараф намудани қарзи музди меҳнат;

– ҳолати духти либосҳои мактабӣ дар шаҳри Кӯлоб;

– фоизи ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда;

– сохтмони муассисаҳои таълимии нав ва таъмири муассисаҳои садамавию таъмирталаб;

– фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҳолати истеҳсоли маҳсулот;

– рафти таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

– ҳолати обмонии заминҳои кишт, аз ҷумла пахта, дар хоҷагиҳои пахтакор;

– вазъи тозагии шаҳр, корҳои ободонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда, вазифаҳо муайян карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code