Кӯлоб. Сохтмони бинои нави Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ

  Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтурам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкори дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дошта, қомат афрохтани биноҳои наву замонавӣ бо тарҳи муосир ба симои шаҳру ноҳия зебогии дигар зам менамояд.

  Дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб аз тарафи Дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои нави Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб идома дорад.

  Аз рӯи лоиҳа иншооти мазкур бо тамоми шароити муосир муҳайё гардонида шуда, сохтмончиён мақсад доранд, ки корҳои бунёдии ин муассисаи олии таълимиро бо талаботҳои стандартӣ мутобиқ гардонад.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code