Вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳр

  Рӯзи шанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳот шанбегии умумӣ баргузор гардид.

  Ба василаи ин чорабинии муфид хиёбону гулгаштҳои шаҳр  ва дохилу атрофии худи ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо поккорӣ гардида, ба  намои  шаҳр ҳусни  дигар зам намуданд.

  Акнун дар назар аст, ки аз ин пас ҳар рӯзи шанбею якшанбе  ба таври доимӣ ин тадбир баргузор мегардад ва   ба ин васила ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи ҷашнҳои дар пешистода ҷараёни тоза пайдо мекунад.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code