Мактаби бузурги тарбия барои насли ҷавон

   Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои арзанда дар рушди адабиёт ва матбуоти тоҷик шоири халқии Тоҷикистон, барандаи мукуфоти давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи  Рудакӣ узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравӣ  сарфароз гардонид.

  Маврид ба зикр аст, ки Ҳақназар Ғоиб 7-январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳақназар мактаби деҳаро хатм карда, дар Кӯлоб соҳиби маълумоти миёна ва олии омӯзгорӣ мегардад. (омӯзишгоҳи педагогӣ, солҳои 1957-1960, Донишгоҳи олии педагогӣ, солҳои 1962- 1966). Як сол (1961-1962) омӯзгор буд. Аз соли 1966 то инҷониб дар корҳои рӯзноманигорӣ фаъолият дорад. Аз соли 1974 то ин ҷониб корҳои роҳбарии рӯзноманигориро пеш мебарад. Ҳамчун роҳбар аввалин таъсисдиҳандаи комитети Иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966-1970, ба тариқи сарборӣ) Комитети телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби масъули бахши Кӯлобии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (1989), сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» (1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» (1993- то ин ҷониб). Аз соли 2002 бахши Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекунад.

  Ҳақназар Ғоиб бештар аз 55- сол аст, ки кору эҷод карда, наздики 30 маҷмӯаи ашъор ба чоп расонидааст.

    Шоири маҳбуб ва шинохта Ҳақназар Ғоиб дар сини 75 солагӣ қарор дошта то ҳол ба корҳои эҷодӣ шуғл дорад.

 Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code