Кӯлоб. Муайян намудани беҳтарин ҷамоат деҳа ва маҳалла

  Тайи се сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ривоҷ додани корҳои ободонӣ, зебову ҷолиб гардонидани симои шаҳру деҳот ва кӯчаю маҳаллаҳо бо  озмуни беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла гузаронида мешавад.

  Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018, №АП-1044 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 майи соли ҷорӣ №125 ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 13 июни соли равон №420 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла» дар назди муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова бо иштироки  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Сафарзода Зиннатбӣ ва аъзоёни комиссияи озмуни шаҳрӣ ҷамъомад баргузор гардид.

                                      Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code