Форуми ҷавонони ҷумҳурӣ

  Дар шаҳри бостони Кӯлоб иштирокчиёни  Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Зиракии сиёсии ҷавонон-омили рушди босуботи кишвар”-ро, ки  бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардидааст бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

  Иттилоъ бояд дод,  ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Федератсияи Футболи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 18 июли соли равон дар маркази Вилояти Бадахшони кӯҳӣ баргузор мегардад.

  Дар идомаи ин сафар иштирокчиёни Форум, ки зиёда аз 100 нафарро ташкил медоданд, аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code