Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)-хатар ба амният ва суботи ҷаҳон

Дар ибтидои садаи XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам  таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризм мебошад. Террористон аз ибтидо ба воситаи  тарсонидану  даҳшатафганӣ  мехостанд  мақсадҳои  худро  ба гардани дигарон бор намоянд, ки ин амалҳо боиси  кушта  шудани  теъдоди  зиёди  одамони  бегуноҳ  мегардад.  Масалан, дар кишвари ба мо ҳамсарҳади Афғонистон қариб ҳар рӯз рӯй додани амалиётҳои террористиро мушоҳида менамоем, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо ва садҳо нафар шахсони бегуноҳ қатл карда мешаванд.

Терроризм  дар содир  намудани  амалҳое  ифода меёбад,  ки  ба  одамон  хатари маргро ба  миён  оварда, боиси вайрон  гардидани  бехатарии  ҷамъиятӣ,  тарсонидани  аҳолӣ ва дар ин замина бесубот намудани авзои ҷомеа мебошад.

Истилоҳи «терроризм» (аз  калимаи  лотинии  «tеrrоr»)  сарчашма гирифта,  маъноаш  «тарс  ва  ваҳм»  аст.  Террористон  мехоҳанд, ки  мақсаду мароми  худро  бо  роҳи  зӯроварӣ,  куштор,  тарсу  ваҳм  амалӣ намоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шудаанд, ки маҳз барои бартараф намудани сабабу омилҳои гуногуни терроризму экстремизм равона гардидаанд. Дар байни онҳо пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003, №69, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза  бар  зидди  терроризм» аз 16 ноябри соли 1999, №846 ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020»-ро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776   тасдиқ карда шудааст, номбар намудан мумкин аст.

Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм  ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро барои аз байн бурдани омилҳои мусоидаткунандаи экстремизм ва терроризм, мушаххас менамояд.

Ҳамзамон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба назорати иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, бинобар ин тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои мустаҳкам намудани пойдевори сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи кишвар ва муттаҳид шудан дар атрофии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code