Тақвият бахшидани корҳо барои истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар толори мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситод бахшида ба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси шаҳр Хайрулло Амонулло доир гардид.

  Дар ҷаласа раиси шаҳр қайд намуд, ки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулинро вазифадор намуда, вобаста ба ин ҷашни муборак  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ба тасвиб расида, барои амалишавии  корҳои созандагию ободонӣ дар шаҳри Кулоб роҳбари гуруҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  муҳтарам Раҳмонзода А. таъин гардиданд.

  Ҷиҳати  амалишави  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059  тибқи  амри раиси шаҳр аз 11 июни соли 2018, №117  барои муташаккилона роҳандозӣ намудани корҳо дар се соли оянда дар шаҳру деҳот 5 гуруҳҳои корӣ   таъсис дода шудааст.

  Дар ҷаласа роҳбарони  гуруҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки нақшаи чорабиниҳоро барои бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ такмил дода, соҳибкорон ва шахсони ихтиёриро барои амалишавии он  ҷалб намоянд  Барои ба тариқи ҳашар бо ҷалби соҳибкорон таъмир намудани роҳҳои байни кӯчаю маҳалла, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмиру рангу бор намудани хонаҳои истиқоматӣ ва баландошёна корҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

 Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои таблиғотиро дар байни аҳолӣ роҳандозӣ намоянд.

    Ҳадафи асосии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, обод намудани ҳар як деҳа, маҳалла ва кӯча, рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллиамон, таъмин намудани саодати ҳар хонадони Тоҷикистон  ба шумор меравад.

  Яъне дар се соли оянда ҳама дар якҷоягӣ  корҳои зикршударо ба анҷом расонида, симои шаҳру деҳоти Кӯлобро ба куллӣ тағйир дода, бисёр мушкилоти иҷтимоиро бартараф сохта, барои наврасону ҷавонон шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба аҳолии шаҳр шароитҳои замонавии хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ муҳайё намоем, қайд намуд раиси шаҳр.

Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code