Нақшаи андозҳо дар нимсолаи аввали соли равон барзиёд иҷро гардид

   Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллӣ 101,9 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 33,4 млн. сомонии пешбинигардида ба буҷет 34,1 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 633 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта бошад 3,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад

 Бояд қайд намуд, ки нақшаи андози иҷтимоӣ ҳамагӣ 101,9 фоиз, нақшаҳои андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,9 фоиз ва буҷетӣ 100,7 фоиз  иҷро гардида,  нафақапулии 18 ҳазор 456 нафар нафақагирон ба маблағи 29,3 миллион сомонӣ нафақапулӣ пурра пардохт гардида, андозаи миёнаи нафақа 269,9 сомониро ташкил дод.

  Дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди андозҳо пурра ва барзиёд  иҷро гардиданд.

  Қисми хароҷотии буҷет ба маблағи 44,4 миллион сомонӣ ё 98 фоиз таъмин гардид. Аз ҷумла, мақомоти идоракунанда 100 фоиз, маориф 98 фоиз, тандурустӣ 99 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 98 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100 фоиз, фарҳанг 98 фоиз ва кишоварзӣ 96 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд. Дар ин давра аз маблағҳои умумии қисми хароҷотии буҷет 87,3 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд. Қарзи музди меҳнат дар соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад. 

Шуъбаи иқтисод ва савдо

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code