ҚИССАҲО АЗ ҒУССАҲО

Баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ  ҷумҳуриҳои он соҳибистиқлол гардиданд.  Ҳар яке аз ин давлатҳои соҳибистиқлол роҳу равиши худ ва сохтори идоракунии худро интихоб намуданд. Давлати Тоҷикистон низ сохторҳои идоракунӣ ва Парламенти худро  таъсис дод. Вале афсус душманони халқи тоҷик тибқи нақшаҳои кашидаи хоҷагони берунмарзии мамлакат дар дохили ҷумҳурӣ ҳаргуна ташкилоту созмонҳо таъсис доданӣ шуданд.  Яке аз чунин равияҳои ашаддӣ ин муллоҳои навбаромад буданд, ки аз мусулмон будани халқи тоҷик истифода мебурданд. Ин муллоҳои навбаромад дар тамоми маъракаҳо ( тӯй, мусибатҳо ва ҳамоишҳо) мавъизаҳо ташкил намуда, таблиғи худро сар мекарданд ва барои дигаргун сохтани сохтори конститутсионӣ  мардумро даъват менамуданд. Ҳамин тариқ, ин даъватҳо ба ҷанҷоли байни муллоҳои навбаромад ва  муллоҳои бобогӣ  оғоз ёфт. Муллоҳои бобогӣ ин муллоҳое буданд, ки ақидаҳои таблиғи фундаменталиро намепарастиданд. Ҳамин тавр ин ду равияи муллоҳо ба якдигар душмани ашшад шудаанд ва бадбиниҳои қавмӣ ба вуҷуд омад.  Чун дар боло қайд намудем, ташкилоту созмонҳо бо ном демократия  низ фаъолият мекарданд. Ба мисоли ҳизби демократӣ, созмони «Ошкоро» ва ғайраҳо.  Бадии кор дар он буд,  ки ҳизби демократ бо муллоҳои ҳозира  ҳамақида буданд.  Ислом дар мардуми мо бо шамшер бунёд шудааст ва демократия ин андешаи озод аст. Ин ду ақида дар як табақ намеғунҷанд.  Равияҳои «ваҳобия» ва  тарафдорони Ҳукумати конститусионӣ  ба вуҷуд омаданд.  Инро дар интихоби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  Р. Набиев ва Д. Худоназаров баръало ҳис кардем.  Муллоҳои ҳозиразамон тамоми адабиёти диниро ба  ҳуруфоти криллӣ ва арабиасос аз чоп бароварда дастраси мардум мегардониданд. Ин  кор дар давраи шӯравӣ мамнӯъ буд. Фалаҷшавии низоми идоракунии давлатӣ ҳамонвақта имконият намедод, ки роҳбарон  роҳи чунин таблиғотро гиранд.
Мардум қашоқ шудан гирифт ва ин муллоҳои навбаромад аз ин истифода мебурданд, чунки онҳоро хоҷагонашон бо пулу мол таъмин мекарданд. Ин  ба доми худ кашидани халқи қашоқ буд. Мардум миёни роҳ монда буданд, намедонистанд, кадоме аз ин муллоҳоро бовар кунанд. Дар як хонавода бародарон зидди якдигар муқобил ақида буданд.
Солҳои аввали ҷунбиши ин муллоҳои навбаромад, ба ёдам ҳаст, ки дар тӯйи хатнаи писарони бародарам , ману бародари хурдиамро, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекардем, яке аз ин муллоҳо аз  падарам пурсон шуд, ки инҳо кианд. Падарам дар ҷавоб гуфтанд, ки писронам. Мулло савол дод, ки инҳо намоз мехонанд? Падарам, шахси дурандеш буданд, давраи Шӯравӣ  барои роҳбар хондани намоз ин мамнӯъ буд, ҳозирҷавобона гуфтанд, ки не, намехонанд. Ин муллои ноқусақл  беандешона гуфт, ки нон, ки дода истодаи ҳаром аст. Падарам интизори чунин суханҳо надошт ва хеле маъюс гашта, чизе нагуфт. Падарам дар байни мардум хеле  нуфузи баланд доштанд ва ин зарбаи ниҳоят сахт буд  ва шояд баъди чанде ба сактаи дил гирифтор шуда фавтиданд.  Ин муллои навбаромад Аҳлиддин аз деҳаи чорбоғи хоҷагии  С. Зарифов буд. Баъдан фаҳмидем, ки агентураи Ғарб будааст. Ному нишонаш намонд.
Билохира мардум ба  гуруҳи одамони тарафдори Домулло Ҳайдар ва гуруҳи дигар тарафдори қозии мусулмонони ҷумҳурӣ Тураҷонзода гардидаанд.  Тарафдорони  Тураҷонзода дар  минтақаи Кӯлоб  кам набуданд.

Ҳамин тавр, муборизаи муллоҳои навбаромад ва демократҳо барои ҷо гирифтан дар Парламон сар шуд.  Майдонҳои муқобили якдигар дар пойтахти мамлакат ҷамъ омаданд. Баъди гузориш ва талаботҳои зиёди тарафдорони  Тураҷонзода Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис дода шуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, тарафдорони  Тураҷонзода  даст ба яроқ гирифта, ҷавонмардони тарафдори  Ҳукумати конститутсиониро  ба қатл мерасониданд. Мақсади ягонаашон, эҳёи созмони ҷавонони мусулмони Тоҷикистон ва дар оянда таъсис додани Ҳизби Наҳзати Ислом буд.   Мардумро бовар мекунонданд, ки  ин ҳизби худованд аст ва сифр ба ислом хизмат мекунад. Мардум онҳоро бовар мекард ва намедонистанд, дар зери коса нимкоса аст. Мақсаду мароми онҳо ба сари қудрат баромадан ва вазифаи гузоштаи хоҷагонашонро иҷро намудан буд.  Роҳи пешгирифтаи хоҷагонашон ин террор намудани шахсоне, ки онҳоро гӯш намекунанд.  Пас решаи ақидаи муллоҳои навбаромад, ки роҳнамоашон ҳизби наҳзати ислом мебошад, терроризм мебошад. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳизби наҳзати ислом – ин ҳизби терористӣ мебошад.Валвалаҳои ҷангро муллоҳои ҳозира тароша мепартофтанд, то ин ки оташи сӯзон ба вуҷуд ояд. Тири онҳо санг хурд.
Талошҳои бисёркаратаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи хуб дод.  Ин ҷанг бо оштии миллӣ ба анҷом расид. Вале дар баъзе ҷойҳо силоҳбадастони аъзои ҳизби наҳзати ислом  дар роҳҳо истода одамонро ғорат мекарданд ва ҳатто ба қатл мерасонданд. Моҳи сентябри соли 1997 аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ш. Кӯлоб меомадем ва дар байни ш. Ваҳдат дар деҳаи Телмон моро силоҳбадастони аъзои ҳизби наҳзати ислом, худро чунин муаррифӣ намуданд, мошини сабукрави мо ва пулу моле, ки доштем, ғорат карданд. Баъди 12 рӯз ба воситаи аъзои оштиимиллӣ  шодравон Т.Раҳмонов мошинамонро баргардонида доданд, вале тамоми қисмҳои асосиашро гирифта буданд.   Ана ин аст, хизматҳои «хирсонаи» аъзоёни Ҳизби Наҳзати Ислом.
Чунин қиссаҳо хеле зиёданд, ки аз онҳо ғуссаҳо сар мезанад.  Агар аз калимаи террорист калимаи баландмазмуни дигар бошад, ин ашхос аз ҳамин қабиланд.  Ман шахсан ҳизби наҳзати исломро ҳизби терористӣ эълон намуданашро  тарафдорӣ намуда, дигаронро низ даъват менамоям, ки маро тарафдорӣ кунанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code