Рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Кӯлоб

   Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади рушди соҳибкорӣ 2 ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси шаҳри Кӯлоб оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ гузаронида шуда, нақшаи кории Шӯро барои соли 2018 тасдиқ гардид. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

  Дар натиҷаи чораҳои амалигардида тибқи маълумотҳо шумораи умумии соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру деҳот ҳамагӣ 4431 субъектро ташкил дод, ки аз ин 534 нафар бо шаҳодатнома ва 2288 нафар бо патент фаъолият дошта, ҳамчунин 1639 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 276 нафар зиёд буда, аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 2820 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 368 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

  Аз ҷониби соҳибкорон 14 иншоот, аз ҷумла 2 коргоҳи дӯзандагӣ, осиёб ва хонаи истиқоматии 6 ошёна ба маблағи умумии 9,9 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд,  корҳои сохтмонӣ дар 25 корхонаи саноатӣ, 4 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тиббӣ, 5 иншоотҳои варзишӣ ва 26 муассисаҳои хизматрасонӣ  идома доранд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code